Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

25.11.2024 / Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Нуробод



       Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Нуробод- шаҳраки Дарбанд чорабнии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва ҷавонону варзишгарон ширкати фаъолона намуданд. Раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки Парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи Истиқлоли давлатӣ инъикос ёфта, рангу аломатҳои парчам инъикоскунандаи воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор варзишгарон барои фаъолияти пурсамарашон бо ифтихорнома ва тӯҳфои хотиравӣ сарфароз гардонид. Сипас, барномаи рангини ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, манзури иштирокчиён гардид, ки ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ шукӯҳи бештар бахшид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод