25.11.2024 / Роҳпаймои бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз бо иштироки раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва ҷавонону варзишгарон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказии ноҳия бо парчам ва шиору овезаҳои тараннумгари Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан роҳпаймоӣ баргузор намуданд.
Роҳпаймоӣ аз даромадгоҳи маркази ноҳия оғоз гардида то назди Боғи фарҳангию фароғатии шаҳраки Дарбанд идома ёфт ва дар ин ҷо ҳамоиши идонаи роҳпаймоӣ бахшида ба ин санаи муборак ҷамъбаст гардид.