18.11.2024 / НУРОБОД: МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ 16.11.2024
Иқдоми дарахтшинонӣ идомаи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои бунёдкорию созандагӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат касб намуда, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст.
Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар шафати роҳи автомобилгарди Обигарм-Нуробод бо иштироки васеи сокинону ҷавонон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳашари дарахтшинонӣ ташкил ва гузаронида шуд.