18.11.2024 / ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД
Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Президент ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода зимни табрики ҳозирин бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз хидматҳои бузург ва мондагори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик баъд аз ҳазор соли заволи давлатдории Сомониён дигарбора тоҷу тахти хешро соҳиб шуд ва рӯй ба камолот овард. Таваҷҷӯҳи доимӣ ба рушди иқтисод, татбиқи лоиҳаҳои сарнавиштсоз, ки дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат амалӣ карда мешаванд, руҷуъ ба таърихи пурифтихори миллат, эҳёи суннатҳои шоистаи тоҷикон, интихоби роҳи дурусти рушди миллӣ, густариши муносибатҳои неку дӯстона бо кишварҳои гуногун, муаррифии симои фарҳангии диёри мо аз хизматҳое ҳастанд, ки бо неруи хиради чеҳраи тобноки таърих, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расидаанд.
Ба иштирокчиёни ҷамъомад барномаи ҷолиби ҳунарӣ манзур карда шуд.