Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

07.11.2024 / НУРОБОД: ВАРЗИШГАРИ НАВРАСИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ БАРАНДАИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ШУД



       Аз санаи 28.10.2024 то 2.11.2024 дар Ҷумҳурии Узбекистон аз намуди варзиши Таеквондо чемпионати Осиё доир гардид, ки дар он варзишгарон аз 25 давлати ҷаҳон иштирок намуданд, ки аз ин миён кишвари моро 13 нафар варзишгар намояндагӣ намуд. Бояд тазаккур дод, ки навраси 11 сола Мустақимзода Абдураҳмон Маҳфизулло хонандаи синфи 4-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Тегирмии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод дар вазни 34 кг иштироки фаъолона намуда, дар даври ниҳоӣ бо рақиби хеш дастбола гардида дар натиҷа медали тиллои Чемпионати Осиёро ба даст овард. Лозим ба ёдоварист, ки Мустақимзода Абдураҳмон ба ин намуди варзиш шавқу рағбати зиёд дошта муддати 3 сол мешавад, ки дар шаҳри Душанбе дар назди устодони варзида аз ин риштаи варзиш ҳамарӯза тамрин менамояд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод