Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

07.11.2024 / ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ РЎЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН



       Бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода дар симои ҳозирон кулли мардуми ноҳияро ба ин рўзи таърихӣ шодбош гуфт. Оид ба қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва ифодагари иродаву ормони мардуми Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси суди ноҳия Камолзода Мадина Тоҳир суханронӣ намуд. Ёрдамчии калони прокурори ноҳия Рустамзода Шерзод дар баромади худ зикр намуд, ки қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон дигаргунии куллиро ба миён овард, то ба имрўз 3 маротиба вобаста ба пешрафту дигаргуниҳо дар ҳаёти мамлакат тағийроту иловаҳо ба Конститутсия дароварда шудааст. Ҳамчунин, дар суханронии худ иброз намуд, ки ҳамасола мардуми шарафманд ва сарбаланди кишвар бо ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ, таъмини амният, сулҳу субот, волоияти қонун ин санаи муҳими таърихӣ Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бахтномаи миллатро бо тантана ҷашн мегиранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии ноҳия ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандонро барои фаъолияти пурсамарашон бо ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз гардонид. Инчунин, ғолиби даврӣ ҷумҳуриявии “Илм- фуруғи маърифат” ва омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми бориз доранд ба ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод