02.09.2024 / ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД
Санаи 1 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Нуробод Рӯзи дониш бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Ба ин муносибат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳия бахшида ба ин рӯзи саиду фархунда ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам Додарҷон Ҷобирзода иштирок намуданд.
Раиси ноҳия устодон ва хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш табрик намуда, таъкид кард, ки аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои марбут ба илму маориф дучанд гардида, ҷиҳати дастгирии кормандони соҳа силсилаи тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодааст.
"Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Дастгирии соҳаи маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад»
Қайд кардан ба маврид аст, ки Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуда, дар он моҳияти сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, тамошои дастаҷамъона аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон дар синфхонаҳо ва толори маҷлисгоҳ ба роҳ монда шудааст.