28.08.2024 / КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД
Имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди кишвар барои бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро дар корҳои созандагию бунёдкорӣ мегузорад.
Дар ин раванд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст мо дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, ки бояд дар ҳамбастагӣ баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо талош намоем ва ин ҷашни бузургу таърихиро бо дастовардҳо истиқбол намоем.
Бояд қайд намуд, ки маркази ноҳияи Нуробод шаҳраки Дарбанд ҳамқадами Истиқлол буда, дар як муддати кутоҳ симои он ба куллӣ тағйир ёфтааст.
Дар ин маврид, моро зарур аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, ҷиҳати бозҳам зебою обод ва гул-гул шукуфоии Ватани азизамон ободкорию бунёдкориро дар тамоми самт ҷонок намоем.