Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

11.07.2024 / Натиҷагирӣ аз ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли 2024 дар ноҳияи Нуробод



       Санаи 10- уми июли соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Ҷобирзода Додарҷон Пулод оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2024 бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид. Дар маҷлис ҳамчунин муовини якуми раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсоне, ки ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дахл доранд, ширкат варзиданд. Нахуст муовини якуми раиси ноҳия Шоҳиён Маҳмад Бала аз рӯи масъали якум доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2024 муфассал ҳисобот дод. Ҳамчунин, дар ҷараёни маҷлис масъала ва мушкилоту муаммоҳои соҳаҳои гуногун аз ҷумла соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноату сохтмон баррасӣ карда шуданд. Дар соҳаи маориф масъалаҳои таъмини сару либоси ягонаи мактабӣ, норасоии кадрҳо, раванди дуруст бароҳ мондани таълиму тарбия дар мактабҳо, зимистонгузаронӣ инчунин дар соҳаи тандурустӣ бошад доир ба сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, бартараф намудани норасогии кадр дар соҳа ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаҳо барррасӣ гардид. Дар идомаи маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва тақвиятбахшии нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини сифатноки нақшаи андозҳо, иҷрои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, саноатикунонии босуръат, таъмини шуғлнокии аҳолӣ, истифодаи сарфакоронаю самараноки обу замин, кишти зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, бардоштани ҳосилнокии заминҳо, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти худӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмири роҳҳо ва беҳсозии вазъи муассисаҳои маорифу фарҳанг, тандурустӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум таъкид карда шуд. Дар фарҷоми маҷлис раиси ноҳия оид ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, хусусан дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, назорати истифодаи самаранок ва оқилонаи неруи барқ, ҷоннок намудани фаъолияти сусти корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, дар муҳлатҳои муайяншуда сохта ва ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода доир ба мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта ҳарф заданд ва ба масъулин ҷиҳати сари вақт бартараф ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо ва вазифагузориҳо карданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод