Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

26.06.2024 / ТАҶЛИЛИ 27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ба муносибати 27-умин солгарди ин санаи таърихӣ дар ноҳияи Нуробод чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Додарҷон Ҷобирзода баромад намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба ҷашни 27 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад. Сипас, як қатор кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия бо ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод