Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

24.06.2024 / Боздид аз коргоҳи дузандагии ҳизбӣ дар ноҳияи Нуробод



       Дар доираи барномаи сафари гуруҳи кории ҳизбӣ дар ноҳияи Нуробод, боздид аз коргоҳи дӯзандагии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод сурат гирифт. Муовини Раиси ҲХДТ Мавлон Хайринисо Юсуфӣ зимни суҳбат бо кормандони ин коргоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ба ҳунару ҳунармандӣ ҷалб намудани бонувони хонанишин ва дар ин замина эҳёи ҳунарҳои мардумӣ яке аз ҳадафҳои созандаи барномавии ҲХДТ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки имрӯзҳо бо ташаббуси бевоситаи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ дар назди кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ гардида, бо ин восита амалишавии барномаи ҳизбӣ барои пешрафт ва зиндагии шоиста заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ духти либосҳои миллӣ, либоси ягонаи мактабӣ ва либосҳои хизматӣ ба роҳ монда шуда, раиси ноҳия низ иброз доштанд, ки барои боз ҳам вусъат бахшидани фаъолият ва сифати кори коргоҳ шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд. Бонувони ҳунарманд изҳори хушнудӣ намуда, таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳунармандӣ ва ташвиқи фарҳангӣ аҷдодӣ ва ҷалби занони хонанишин ба шуғли ҳунармандӣ пайваста иқдомҳои муҳим роҳандозӣ намуда, дар ин замина барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаҳои мусоид фароҳам меоваранд. Таъкид гардид, ки дар баробари ин ғамхориҳои Роҳбар давлат занону бонувонро лозим ҳаст, ки барои тарбияи фарзанд дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ масъулиятнок бошанду барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ пайваста талош намоянд. Дар ин радиф ҳифзи арзишҳои миллӣ аз қабили эҳё ҳунарҳои мардумӣ ва талқини либоспушии миллӣ воситаи асосӣ ба шумор меравад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод