Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

24.06.2024 / ВОХУРӢ БО ОМУЗГОРОН ВА ХОНАНДАГОН



       <p>Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт, нимаи дуюми рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии N&ordm;14-и ба номи Асадулло Ғуломов дар ноҳияи Нуробод вобаста ба мулоқоти Асостузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаьолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар вохӯрии судманд доир гардид. Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ сараввал ба сокинони ноҳияи Нуробод, раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода барои меҳмоннавозии самимона ва фароҳам овардани чунин як фурсати муносиб изҳори сипос намуда, суҳбати озоду самими анҷом дод. Мавсуф аз ҷумла, иброз намуд, бовар дорем, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Нуробод, бахусус занону духтарони ин сарзамини биҳиштосо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ аз пештара дида зиедтар кушишу заҳмат ба харҷ медиҳанд. Муовини Раиси ҲХДТ дар хитоб ба занону духтарон зикр кард, ки мо бояд пойбанди фитнаву дасисаҳои шахсони манфиатҷуй ва бадхоҳони миллат нашуда, бо либоси зебою шинами миллии тоҷикии худ ифтихор кунем ва аз ба бар кардани либосҳои бегона канораҷуйи намоем. Бояд бо номуси баланди ватандорӣ алайҳи бадхоҳони миллати хеш садо баланд кунем ва нагузорем, ки нокасе ба тарзи либоспушиву румолпушии мо кордор шуда, фарҳанги ғайрро ба мо талқин диҳад. Дар ягон кишвари дунё касе либоси чакану атласу адраси моро ба бар намекунаду мисли мо руймол ба сар намекунад, пас чаро мо ба дигарон тақлид кунем. Бинобар ин, ҳануз, ки дер нашудааст, моро зарур аст, ки ҷавонону наврасонро ба роҳи рост ҳидоят кунем ва дар баробари омузиши фанҳои дақиқу риезӣ шавқу завқи забономузиро дар қалби онҳо бедор намоем. - &quot;Рӯзҳое буданд, ки аз бими ҷони хеш ҳафтаҳову моҳҳо аз хона берун намебаромадем, ҳатто хешону наздиконамонро солҳо намедидем, хушбахтона, имруз дар Ватани азизи мо сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст ва ҳар яки мо бе ягон тарсу ваҳм ба ҳар гушаи ин диёри зебоманзар сафар кардан хоҳем тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст, пас моро заррур аст, ки ба қадри сулҳу ваҳдат, ки бар ивази чӣ қадар ҷонбозиҳо ба даст омадааст, бирасем. Мо бояд шукронаи онро кунем, ки имруз Тоҷикистони маҳбуби мо дар қатори давлатҳои амнтарини чаҳон қарор дорад ва мардум дар фазои салоҳу рафоҳ умр ба сар мебарад. Имрузҳо дар кишвари мо бонуфузтарин чорабиниҳои сатҳи баланд баргузор мегардад. Танҳо дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба &quot; Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор 2018-2028&quot; 2864 нафар меҳмонон аз 86 созмонҳои бонуфузи 112 давлатҳои хоричӣ ширкат варзидаанд, ки аз обу ҳавою табиати биҳиштосои кишвари азизи мо дар ҳайрат монданд ва бо хотироти неку табъи болида баргаштанд. Бояд ба қадри ин ҳама нематҳои худодод, ки ба мо арзонӣ додааст, расид&quot;, - афзуд Мавлон Хайринисо Юсуфӣ. Дар идомаи вохурӣ раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Норак ба минбар баромада, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани азизамон, хозиринро баҳри боз хам ободу зебо намудани ҳар як гушаю канори ин сарзамини сабзу биҳиштосо, бахусус сарсабзу зебо гардонидани он талқин намуданд.</p> <p>&lt;p&gt;Манбаъ: Сомонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон&lt;/p&gt;</p>


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод