24.06.2024 / НУРОБОД: БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВИИ КӮДАКОНИ ЯТИМИ НОҲИЯ
Санаи 19-уми июни соли равон иштирокчиёни Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Ваҳдати модарон-саодати Тоҷикистон"бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод Саъдуллоев Саломатшо ба Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия ташриф оварданд. Зимни вохӯрӣ меҳмонон аз шароитҳои буду боши онҳо дар муассиса дидан намуда, аз тамоми шароитҳои зарури дар муассиса изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Баъдан, дар ошхонаи муассиса дидору суҳбати самимӣ доир намуда, таъкид карда шуд, ки дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд, дар ин фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имкониятҳои хуби илмомӯзӣ таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи ободии Ватан хизмат намоянд.