31.05.2024 / Поси хотир: "Ёди шаҳидон ҳамеша бо мост!"
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавони ватандӯст қарзи шаҳрвандӣ ва шарафу ифтихор мебошад. Ин аст, ки ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ҳамеша баҳри он талош меварданд, то дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони маҳбубамон садоқатмандона саҳми арзандаи худро гузоранд.
Маҳз ҳамин садоқат ва дӯст доштани ватани маҳбуб мебошад, ки садҳо нафар ҷавонони ҷавонони далеру ватандӯсти ноҳияи Нуробод имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон марзу буми ватани азизамонро содиқона ҳифз карда истодаанд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Оби Лурди Ҷамоати деҳоти Хумдон ба хотири шуҷоатмандию далерӣ дар ҳимояи сарҳади Ватан, ки сарбоз Абдузамонов Аслиддин Хайриддинович ҷони худро нисор кардааст, чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, волидайни сарбозон, ҷавонону занон ва омӯзгорони муассисаҳои ноҳия иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ парда аз рӯи нимпайкараи сарбоз Абдузамонов Аслиддин Хайриддинович бардошта шуд.
Сипас, раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода аз ғамхориҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, бахусус талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тарбияи ҷавонон суханрони карда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷавонони ноҳияи Нуробод мактаби ҷасорату мардонагӣ ва қарзи шаҳрвандӣ маънидод кард.
Зимни баромади муовини сардори Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Назарзода Турабек Камол қайд гардид, ки сарбози қаторӣ Абдузамонов Аслиддин Хайриддинович ҷонашро барои ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишварамон фидо карда, қаҳрамонона ҳалок гардида, барои ин ҷонисорӣ бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Дар охири чорабинӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бо барномаи ватандӯстонаи худ аҳли нишастро шод намуданд.