Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

27.05.2024 / ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Бо дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар даврони истиқлол ба таври бесобиқа рушд намуд. Боиси ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул шудани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муқаррар шудани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” низ як далели эътирофи рушди варзиш дар кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Бо ин мақсад санаи 25-уми майи соли ҷорӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии Футбол фестивал ва мусобиқаи варзишии футбол баргузор гардид. Фестивали мазкурро муовини раиси ноҳия, Бухоризода Наврӯзшоҳ ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки варзиш, хоса футбол чун як рукни муҳими тарбияи ҷисмонию ватандӯстии ҷавонон, муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди варзиш, таҳкими инфрасохтори он, бунёди садҳо иншооти варзишӣ корҳои зиёде анҷом дода шуд ва пойтахти Тоҷикистон ба маркази баргузории даҳҳо мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ табдид ёфт. Дар ҷамбасти мусобиқа дастаҳои ғолиб бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод