Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

27.05.2024 / Кӯмакҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод



       Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод кўмаки яквақтаина расонида шуд. Кӯмакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи башардӯстона фиристода шуд, ба ҳар як оилаи зарардида аз тарафи масъулин саривақт дастрас карда шуд. Мардуми аз офати табиӣ зарардида бори дигар эҳсос карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои мушкилтарин ҳамеша мададгору дастгирӣ онҳо мебошад. Сокинони зарардидаи ноҳия аз офати табиӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳо, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимиашон изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод