Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

27.05.2024 / Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ноҳия 23.05.2024



       Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷавонони фаъоли ноҳия ширкат намуданд. Чорабиниро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтитоҳ намуда, ҷавононро ба ин рӯзи хотирмон табрику шодбош гуфт ва аз комёбиҳои ба дастовардаи ҷавонони ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуд. Сипас, аз зумраи ҷавонони ноҳия Маҳмудов Зокирҷон-мудири бахши иттилоот, Ҳакимова Нилуфар- корманди Амонатбонк №12 дар ноҳия, Сарбозов Беҳрӯз- мудири шуъбаи таълимии Коллеҷи муҳандисии техникӣ, Исмоилов Сорбон- гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавононро табрику таҳният намуданд. Дар ин рӯз ба ҷавонони фаъол, ғолибони озмунҳои фаннӣ, ва мусобиқаҳои варзишӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ифтихорнома, медалу тӯҳфаҳои ҳавасмандгардонӣ тақдим карда шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод