21.05.2024 / Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз мавзеи офатҳои табии дар ноҳияи Нуробод дидан намуданд.
Тавре иттилоъ дода будем, 18- уми майи соли ҷорӣ дар натиҷаи боришоти зиёди борон ба хоҷагии халқи ноҳия ҳисороти зиёде овард.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ Коммисияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани офатҳои табиӣ таъсис дода шуд.
Гурӯҳи корӣ аз мавзеи офати табиӣ дидан намуда, бо мардум суҳбат намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ таъкид намуд, ки бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, оилаҳои манзилҳои истиқоматиашон зарардида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Масъалаҳои оғози корҳои сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои зарардида ва расонидани кӯмаки моддӣ баррасӣ шуданд.
Бо истифода аз техникаи муҳандисии вазнин корҳои роҳсозӣ дар минтақаи Сари Ҷар-Сангвор ва 140 километрии роҳи Нуробод-Рашт идома дорад.
Хисороти пурраи офати табиӣ аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ муайян карда мешавад.
Сокинони зарардидаи ноҳия аз офати табиӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳо, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимиашон изҳори сипосу миннадорӣ менамоянд.