Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

06.05.2024 / Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ"



       Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвит бахшидани корҳои таблиғотӣ ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва тибқи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи Додихудо Саймуддинов, деҳаи Яхчи Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов миёни ҷавонони 14-16 ва 17 сола боло, омӯзгорон ва волидайни онҳо вохӯрии судманд доир гардид. Бояд тазаккур дод, ки зимни баргузории мулоқот мудири бахши кор бо занон ва оила Сафоева Дилором, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод Эшонҷон Саидов, мудири бахши фарҳанг Ҳакимова Соҷида ва мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Ғазоев Ҳиҷатулло иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур, ҳамзамон, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткори миёни наврасону ҷавонон, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, роҳои пешгирии бемориҳои сирояти, самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз нуқтаи назар карданд. Дар идомаи суҳбат оид ба нуқтаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли 2024 доир гардида буд, дар самтҳои мухталиф ба ҳозирин шарҳ дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи нақшаи дохили муассисавӣ "Озмуни ҳусни хатти баҳтарин" дар ин рӯз ҷамъбаст гардида, аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо ифтихорнома ва маводҳои хониш қадрдони карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар фарҷоми вохӯрӣ, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба як зумра ҷавонони фаъол, ки дар даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи деҳа ба деҳа дар соли 2022-2023 иштироки фаъолона намуда буданд туҳфаҳои варзишӣ тақдим карда шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод