Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

29.04.2024 / МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯ



       Санаи 27 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ иштирок доштанд. Раиси ноҳия, дар баромади худ зикр намуд, ки пешрафти мактабу маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян намуда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар аҳли илму маорифро вазифадор намуданд, ки “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ба корҳои эҷодиву техникӣ вазифаҳои муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.”Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Дар ин радиф, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дорад. Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи хонандагон, забономузӣ, иштироки фаъолона дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фанни, ҳуҷҷатсупори ба ММТ, риояи либоси хонандагон ва омӯзгорон, аз байн бурдани майли фарҳанги бегонапарастӣ, иҷрои Барномаҳои соҳавӣ андешаҳои худро баён намуд. Дар идомаи сухан раиси ноҳия аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҷокимияти давлатии ноҳия дар самти таълиму тарбия, бунёди иншоот, бахусус синфхонаҳои иловагӣ, саривақ пардохт шудани музди маош ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ ёдовар шуд. Ҳамзамон, ба таври зарурӣ иҷро нагардидани Барномаҳои давлатии муҳлаташон ба анҷом расидаро дар соҳаи маориф ва сабабҳои ба миён омадани ҳолатҳои ташвишовар дар муасисаҳои таълимиро шарҳу эзоҳ дода, ба масъулони соҳаи маорифи ноҳия эродҳои ҷиддӣ гирифт ва барои ислоҳи вазъ масъулини соҳаро муваззаф намуд. Ҳамчунин, зикр намуд масъалаҳое, ки дар вохӯрии имрӯза мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтанд, масъулон, кормандони соҳаро вазифадор менамояд, ки дучанд кору фаъолият карда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф бетарафӣ зоҳир нанамоянд ва ба тарбияи фарзандон бо садоқату самимият саҳмгузор бошанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод