Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

18.04.2024 / Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои оянда.



       Санаи 18 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири кишоварзии мамлакат Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои оянда баргузор гардид. Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои ояндаро муовини раиси ноҳия Ғазозода Ҳабибулло ҳисобот дод. Натиҷаҳои заҳматкашони ноҳия дар маҷмўъ назаррас буда, нақшаву нишондодҳои пешбинишуда аксаран иҷро шудаанд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири кишоварзии мамлакат Зеваршои Зеваршо Тайғуншозода бо таҳлилҳои мушаххас ҷиҳати рафъи мушкилотҳо маслиҳат ва дастурҳои муфид доданд. Бахусус, васеъ намудани майдони кишти картошка, бунёди боғҳо, рушди соҳаи чорводорӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, зиёд намудани иншоотҳои ҷашнӣ ва дар ин замина сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аснои таҳлили самти идеологӣ, раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ёдовар шуд ва барои риояи талаботҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъулони соҳаро маваззаф намуд. Раиси ноҳия дар ҷамъбасти маҷлис масъулонро вазифадор намуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро барқарор намуда, семоҳаи дуюмро бо дастовардҳо ҷамъбаст намоянд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод