08.04.2024 / МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД
Санаи 8 апрели соли ҷорӣ дар доираи дастуру супоришҳои раиси ноҳия ҷиҳати ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳои маркази ноҳия бо ҷалби кормандони фаъоли ташкилоту муассисаҳои ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст.
Масъулин ният доранд, ки аз вазъи мусоиди обу ҳаво истифода бурда маъаракаи ниҳолшинониро тақвият бахшанд.