Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

03.10.2022 / Таҷлили Рӯзи омӯзгор lдар ноҳияи Нуробод



       Имрӯз барои тамоми мардуми сарбаланди диёри азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи фараҳу шодист, зеро иди касбии омӯзгорони заҳматкашу тарбиятдиҳандаро ҷашн гирифта истодаем. Ба ин муносибат дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Нуробод бахшида ба санаи фархунда маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро мудири шуъбаи маорифи ноҳия Додаров Оятулло бо сухани муқаддимавӣ кушода, омӯзгоронро ба ин рӯзи хотирмон табрику шодбош намуд. Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода дар баромади хеш ќайд карда шуд, ки боиси хушнудист, ки дар мамлакати мо бо роҳнамоии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба истиқлол расидани кишвар ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Сипас, баромадкунандагон заҳмати омӯзгорро хеле бузург дониста, онро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ номидаанд. Сипас, як зумра омӯзгорони собиқадору ҷавон ва мураббиён бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд. Кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини фарҳангӣ хотири иштирокчиёнро шод намуданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод