Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

03.11.2023 / Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон



       <p>&nbsp;&nbsp;&nbsp;&nbsp; Бахшида ба 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Муовини раиси ноҳия Оятулло Додарзода аз номи раиси ноҳия дар симои ҳозирон кулли мардуми ноҳияро ба ин рӯзи таърихӣ ва фараҳбахш шодбош гуфт. &nbsp; Оид ба қабули Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва ифодагари иродаву ормони мардуми Тоҷикистон раиси суди ноҳия Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат суханрони намуд. &nbsp;&nbsp;&nbsp;&nbsp; Ёрдамчии калони прокурори ноҳия Бобоҷониён Ҳусейнҷон&nbsp; дар баромади худ зикр намуд, ки қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон дигаргунии куллиро ба миён овард, то ба имрӯз 3 маротиба вобаста ба пешрафту дигаргуниҳо дар ҳаёти мамлакат тағийроту иловаҳо ба Конститутсия дароварда шудааст. Ҳамчунин, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Саидзода Комилҷон Сафар дар суханронии худ иброз намуд, ки&nbsp; ҳамасола мардуми шарафманд ва сарбаланди кишвар бо ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ, таъмини амният, сулҳу субот,&nbsp; волоияти Қонун ин санаи муҳими таърихӣ Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон &ndash; Бахтномаи миллатро бо тантана ҷашн мегиранд. &nbsp;&nbsp;&nbsp;&nbsp; Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандонро барои фаъолияти пурсамарашон бо ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз гардонид. Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи аксияи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод зери унвони &laquo;Аз шаҳрвандии Тоҷикистон будан, ифтихор дорам&raquo; ба як зумра ҷавононе, ки бори аввал шиноснома мегиранд, аз ҷониби сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод Саидзода Комилҷон Сафар бо тантана шиносномаҳо супорида шуд.</p>


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод