Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

07.10.2023 / Маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳаи сол



       Тахти раёсати раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода ва бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири кишоварзии мамлакат Назарзода Машокир маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳмоњҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои оянда баргузор гардид. Аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2023  ва вазифаҳо барои ояндаро муовини якуми раиси ноҳия Шоҳиён Маҳмад  ҳисобот дод. Натиҷаҳои заҳматкашони ноҳия дар маҷмӯъ назаррас буда, нақшаву нишондодҳои  пешбинишуда аксаран иҷро шудаанд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири кишоварзии мамлакат Назарзода Машокир бо таҳлилҳои мушаххас ҷиҳати рафъи мушкилотҳои ҷойдошта  маслиҳатҳои  судманд дод. Бахусус,  ҷамъоварии саривақтии ҳосили бадастомада, истифодаи дурусти замин, захираи тухмии хушсифат ва маводи ғизоӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, зиёд намудани иншоотҳои ҷашнӣ ва дар ин замина сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси ноҳия дар ҷамъбасти маҷлис масъулонро вазифадор намуд, ки аз камбудиҳои ҷойдошта хулосаи даркорӣ бароварда, ҷамъбасти солро бо нишондиҳандаҳои назаррас  ҷамъбаст намоянд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод