30.10.2024 / ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ
Дар доираи сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ иншоотҳои гуногунсоҳа бунёд гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва саҳми муносиби ҷавонони маҳал, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ аз намуди футбол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Меҳробод мавриди истифода қарор дода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи лоиҳа майдони футболи хурд 25 метри мураббаъ паҳноӣ дошта, дарозии он 45 метри мураббаъро ташкил медиҳад
Лозим ба ёдоварист, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби сокинону ҷавонони фаъоли деҳаи Лангар дар бунёди майдончаи варзишӣ бо маром идома дошта, масъулин ба он назаранд, ки дар муҳлати пешбинишуда майдончаи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Аксҳо аз рафти корҳои сохтмонӣ.