29.10.2024 / САҲМГУЗОРИИ ҶАВОНОН ДАР ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ МЕҲРОБОДИ НОҲИЯИ НУРОБОД
Дар доираи сиёсати созанда ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ иншоотҳои гуногунсоҳа бунёд гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва саҳми ҷавонони маҳал, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ "Гӯштингирӣ" дар паҳлули толори варзишии деҳаи Тегирмӣ Ҷамоати деҳоти Меҳробод мавриди истифода қарор дода мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки корҳои сохтмонӣ, нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз гардида, то ба имрӯз аз ҷониби сокинону ҷавонони фаъоли деҳаи Тегирмӣ, қисмати болопӯши иншооти мазкур ба итмом расида, масъулин ба он назаранд, ки дар муҳлатҳои пешбинишуда толори мазкурро мавриди истифода қарор диҳанд.