29.10.2024 / · НУРОБОД: САҲМГУЗОРИИ ҶАВОНОН ДАР БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Дар доираи сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ иншоотҳои гуногунсоҳа бунёд гардида, мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд.
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва саҳми ҷавонони маҳал, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 2 синфхонаи иловагӣ дар паҳлуи Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №61 деҳаи Тегирмӣ Ҷамоати деҳоти Меҳробод мавриди истифода қарор дода мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки корҳои сохтмонӣ, дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то ба имрӯз аз ҷониби сокинону ҷавонони фаъоли деҳаи Тегирмӣ, корҳо дар қисмати деворбандӣ бо маром идома дошта, масъулин ба он назаранд, ки дар муҳлатҳои пешбинишуда синфхонаҳои иловагиро мавриди истифода қарор диҳанд.
Аксҳо аз рафти корҳои сохтмонӣ.