Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

28.10.2024 / ВОХӮРИИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД 25.10.2024



       Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо интихобкунандагон ва фаъолони ноҳияи Нуробод баргузор гардид. Вохӯриро раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода ифтитоҳ намуда, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро ба ноҳия хайрамақдам гуфт. Ҳадаф аз ин вохӯрӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқӣ ҷиҳати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Сипас дар мавзӯъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сухан гуфт. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар суханрониаш гуфта шуд, ки имсол мардуми сарбаланди кишвар 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ ин доштани рамзҳои муқаддас, алалхусус Конститутсия буда, маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегардад. Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳамчунин ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилот ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъулин дастуру супоришҳои мушахас доданд. Дар фарҷом вохӯриро раиси ноҳия ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки сокинони бонангу ори Нуробод аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳамеша пуштибонӣ мекунанд ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод