28.10.2024 / ВОХӮРИИ ГУРУҲИ КОРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба муносибати «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо доираи васеи сокинону фаъолон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ Додарҷон Ҷобирзода раиси ноҳияи Нуробод, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода иштирок ва суханрони намуданд.
Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода зимни баромади худ баён дошт, ки мақсади асосии баргузории ингуна вохӯриҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқ ва риояи қонунҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, мастаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибатҳои эҳтиромона ба он ба шумор меравад.
Гуфта шуд, ки пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, имрӯз дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён қайд намуд,ки раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон танҳо масъулияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар мақомоти марбутаи давлатӣ набуда, барои амалӣ кардани он бояд тамоми қишрҳои ҷомеа, мутахассисони гуногуни ҳуқуқдон ва дилсӯз, зиёиёну равшанфикрон бояд ҷалб карда шаванд, то маърифати ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро дар байни ҷомеа ба таври дурусту муносиб ва густурда фаҳмонанд. Зеро сараввал бояд мардум ба ин мафҳумҳо сарфаҳм раванд ва баъдан амал намоянд.
Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи давлатҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қисми якуми моддаи 1-и Конститутсияи мамлакат давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шудааст.
Арзишҳои гуфташуда собит менамоянд, ки дар таърихи инсоният онҳо аз арзишҳо дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд беҳтар дониста мешаванд.
Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дигар ҷомеа бо он фарқ менамояд, ки дар он ҳуқуқ ва озодиҳои табиии инсон эътироф гардида, механизми самараноки ҳимояи чунин ҳуқуқу озодиҳо муқаррар карда мешавад. Бинобар ин, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имконияти баробар, аз ҷумла имконияти ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки он барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Дар охир байни сокинон ва меҳмонон суҳбати озоду самимӣ ва табодули афкор сурат гирифт.