Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

09.10.2024 / Вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Нуробод



       Санаи 8-уми сентябри соли ҷорӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи бо фаъолони ноҳияи Нуробод вохӯрӣ намуд. Вохӯрӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, олимон ва кормандони соҳаи маориф ироа доштанд, инчунин бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ баргузор шуда, дар он муҳтавои қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки 20 июли соли 2024 бо тағйиру иловаҳои нав қабул гардиданд, шарҳ дода шуданд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иброз дошт, ки дар амалӣ намудани танзими расму ойин, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, либоси миллӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, талқин намудани урфу одатҳо дар зеҳну шуури наслҳо ягон қуввае дигар бештар аз занону духтарон саҳм гирифта наметавонад. Аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки дар таблиғ ва муосиргардонии либоси миллӣ, ки он яке аз воситаҳои асосии шинохти миллат дар ҷаҳон аст, саҳмгузор бошанд. Таъкид гардид, ки ҳар як зан-духтари тоҷик бояд ба муқаддасотӣ миллӣ арҷ гузорад, арзишҳои ниёгонро ҳифз ва риоя намояд, дар пешгирии хурофот ва бегонапарастие, ки солҳои охир байни бархе аз занон роиҷ гардидааст, саҳм дошта бошад. Дар охир ба занони фаъоли ноҳияи Нуробод "Сипоснома"-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод