30.09.2024 / Иҷлосияи бисту чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод даъвати шашум.
27-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи бисту чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум баргузор гардид.
Ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин гузошта шуда, мавриди муҳокимаи вакилони халқи ноҳия қарор гирифтанд:
Масъалаи якум “Ахбороти прокурори ноҳия оид ба натиҷаҳои фаъолияти прокуратура ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза ва ҷинояткорӣ дар 9 моҳи соли 2023”.
Масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия “Ҳисоботи раиси Ҷамоати деҳоти Сафедчашма оид ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷамоат ва натиҷагирӣ аз корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуи деҳот дар соли 2023 ва семоҳаи сеюми 2024”.
Масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия “Дар бораи ҷудо намудани маблағ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар семоҳаи чоруми соли 2024"
Бо ҳамин иҷлосияи бисту чоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати шашум аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуда, кори худро анҷом дод.