30.09.2024 / БУНЁДИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №20-И ДЕҲОТИ ХУМДОН
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Оби-лурди деҳоти Хумдон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорон ва сокинон сохтмони 11-синхонаи иловагӣ дар арафи анҷомёбист.
Ба раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода ҳангоми боздиди муассисаи таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии соҳибкорону сокинон корҳои сохтмонӣ дар бинои асосӣ ба анҷом расида, ҳоло дар синфхонаҳо ва толору долонҳо корҳои рангуборкунӣ идома дорад.
Раиси ноҳия Дораҷон Ҷобирзода ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, зимни суҳбат ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ дар муассиса бояд дар сатҳи баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида шавад.
Бо анҷоми бунёди синфхонаҳои иловагӣ 400 нафар дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф хоҳад шуд.