13.09.2024 / Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конференсияи XII-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод иштирок намуд
Конференсияи XII-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод бо иштироки Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод ва вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон, собиқадорон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид.
Дар кори конференсия масъалаҳои ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, дар бораи ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод, интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва интихоби вакилон ба конференсияи XII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баррасӣ гардиданд.
Нахуст, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Саъдуллоев Саломатшо “Оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ” ироа гардид. Дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баҳри беҳтар шудани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоӣ дар марҳилаи куллан нави таърихӣ, давраи созандагию бунёдкорӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд.
Дар баробари муваффақиятҳо, дар кори ташкилотҳои ибтидоии ноҳия камбудиву норасоиҳо, аз қабили сари вақт насупоридани ҳаққи узвият, ба талабот ҷавобгу набудани фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ дар мавзеъҳо низ таъкид шудаанд.
Дар музокира баромадкунандагон ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдучаббор Абдуқаҳҳор дар баромади худ баҳри ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва оммавию-сиёсӣ дар доираи талаботҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб, Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.
Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ноҳия вазифадор карда шуданд, ки ба мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ, таблиғи ғояҳои созандаи ҳизби бунёдкор ва қабули сифатноки аъзо ба сафи он боз ҳам корро тақвият бахшанд.
Зимни суханронии худ, узви КИ ҲХДТ, раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон мунтазам талош дорад.
Ҳамин тариқ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда дар Конференсияи XII ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод қарорҳои дахлдор қабул гардид.