08.09.2024 / ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД
Санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Асозода Нуралӣ Маҳмадулло бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфта, раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода аҳли нишастро ба ин муносибат шодбош гуфт ва роҷеъ ба дастовардҳои ноҳия дар замони соҳибистиқлолӣ изҳори назар намуд.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Асозода Нуралӣ Маҳмадулло аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош намуда, иброз дошт,ки Истиқлолу озодӣ ҳамчун неъмати бебаҳои таърихӣ бо талошу заҳматхои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарафманди тоҷик ба даст омад.
Дар охири чорабинӣ ба якчанд нафар фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.