03.09.2024 / ҲАШАРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНА ТАҲТИ УНВОНИ "ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ" ДАР ДАР НАЗДИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ВА КӮЧАВУ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРАКИ ДАРБАНДИ НОҲИЯИ НУРОБОД.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтан аз ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷроиши супоришҳои раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод таҳти нақша–чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо ва занону бонувони касбу кори гуногуни ноҳия аксияи умуминоҳиявӣ таҳти унвони "Тозагӣ гарави саломатист" дар назди ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву маҳаллаҳои шаҳраки Дарбанд баргузор гардид. Кормандони ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла кормандони корхонаҳои коммуналии ноҳия пеш аз ҳама тоза намудани ҷӯйборҳо ва кашонидани партовҳо аз дохили ҷуйборҳо сафарбар гардида буданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби масъулини ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати насб намудани шиору овезаҳои ҷашнӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст ва дар муҳлатҳои муайянгардида шиорҳои кӯҳнашудаву фарсудагардида бо шиору овезаҳои нав иваз мегарданд, ки боз ба симои ноҳия ҳусни тоза мебахшад.
Чунин ҳашарҳои дастаҷамъона тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод мунтазам гузаронида мешавад.