26.07.2024 / ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД ДОИР ГАРДИД
Санаи 25-уми июли соли ҷорӣ мутобиқи нақшаи кории Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сайёрӣ Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии шаҳри Роғун, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисҳо, фаъолон ва имомхатибон иштирок намуданд. Рӯзномаи ҷаласа ба мавзуи “Хурофотпарастӣ ва роҳҳои паст кардани шиддати он дар ҷомеаи Тоҷикистон” бахшида шуда буд.
Ба кори ҷаласа Исматулло Шодиён -котиби Шурои ҷамъиятӣ, Олимзода Фарухулло-муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шокиров Ҳ- корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Рамазон-сардори хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафаров Ҳайдаралӣ -муовини раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар ҷаҳони пуртазоду бисёр ҳассос, ки раванди ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад, баҳсу талошҳои идеологӣ низ марҳила ба марҳила вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд.
Таъкид карда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон ҷоннок намуда, бояд наврасону ҷавононро дар руҳияи баланди меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намуд. Ҳамчунин иштирокдорон ба музокира баромада, фикру ақидаҳои гуногуни худро нисбати ин масъала баён намуданд.
Сипас, раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ҳисобот дода афзуд, ки минбаъд фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.