15.07.2024 / ВОХӮРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, бахшида ба соли 2024 - "Соли маърифати ҳуқуқӣ" рӯзи 12-уми июл дар ноҳияи Нуробод бо сокинону фаъолон дар мавзуи "Конститутсия - омили истеҳкомбахши маърифати ҳуқуқӣ" вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Нурулло Оқилзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хайриддин Усмонзода, Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон - Саидмукаррам Абдуқодирзода ва раиси ноҳияи Нуробод - Додарҷон Ҷобирзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Вохӯриро раиси ноҳияи Нуробод - Додарҷон Ҷобирзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Ӯ меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, мавзуи вохӯриро ба ҳозирин шарҳ дод. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабинӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Соли маърифати ҳуқуқӣ" амри зарурӣ буда, баҳри баланд бардоштани маърифтаи сиёсиву ҳуқуқии сокинон нақши муҳим хоҳад гузошт.
Сипас, суханронии Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Нурулло Оқилзода шунида шуд. Ӯ дар суханронии хеш аз дастовардҳо ва музаффариятҳое, ки кишвари мо бо шарофати қабули Конститутсия ба онҳо ноил шуд, ёдоварӣ кард. Таъкид гардид, ки қабули аввалин Конститутсияи кишвар бо забони тоҷикӣ аллакай муваффақияти бузург ба ҳисоб мерафт. Бо қабули ин санади сарнавиштсоз мо Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ сохтем. Ин интихоби таърихсози халқ минбаъд ба рушди низоми давлатдорӣ, аз ҷумла, татбиқи амалии қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон, ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба имзо расидани "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ", хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва боз гардидани роҳи рушду пешрафти кишвар асоси воқеӣ гузошт. Натиҷаи ҳамин интихоби халқ ва хидматҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон яке аз кишварҳои таъсиргузор ва ташаббускори иқдомҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ мешиносанд.
Дар идома, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам суханронӣ намуда, дар хусуси волоият ва арзиши баланди қонун, эҳтиром ба он ва бо ин роҳ тақвият додани маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа изҳори назар кард. Гуфта шуд, ки ҷавҳари аслии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои волои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, баробарӣ, шоистасолорӣ, дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ваҳдати комили халқ ташкил медиҳад. Конститутсия сарчашма ва кафили бақои ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо ҳар яки мо бояд бо дарки эҳсоси баланди масъулият бо огоҳӣ аз донишҳои замонавӣ дар самти тақвияти шуури ҳуқуқии сокинон талошҳои бедареғ варзем.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Хайриддин Усмонзода зимни суханронӣ қайд кард, ки Конститутсия ҳуҷҷатест, ки дар он иродаи ягонаи сиёсии мардуми шарифи кишвар таҷассум ёфтааст. Мардуми Тоҷикистон бо ихтиёр ва истифода аз ҳаққи интихоби хеш Конститутсияро қабул намуда, роҳи минбаъдаи давлатро мушаххас карданд. Конститутсия ҳамчун таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқии бинои давлатдорӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъсиргузор аст. Хайриддин Усмонзода, инчунин, оид ба масъалаҳои мавҷудаи ҷомеа, аз ҷумла, каҷрафтории иҷтимоӣ, гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, истифодаи нодуруст аз воситаҳои иттилоотӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ фикру андешаи хешро баён дошт. Дар хусуси ин масъалаҳо таъкид карда шуд, ки сабаби аслии мавҷудияти чунин мушкилиҳо дар ҷомеа ин паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки бо таблиғу ташвиқ ва омӯзишу тадрис сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.
Дар суханронии Раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон - Саидмукаррам Абдуқодирзода қайд гардид, ки саодати аслии ҳар як қавму миллат дар сарҷамъиву иттиҳод, ваҳдат ва ҳамдилии халқ аст. Шахсе, ки ба қонун, арзишҳои ахлоқиву имонӣ ва суннату одати неки гузаштагони хеш пойбанд аст ва руҳу равон, андеша ва гуфтору рафтори худро бо зевари ақл меорояд, яқинан ба саодат хоҳад расид. Раиси Шурои уламо дар идомаи суханронӣ аз нуктаҳои асосии мулоқоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, аз 9-уми марти соли ҷорӣ ёдоварӣ карда, масъалаҳои пешгирии хурофоту таассуб, бегонапарастӣ, танзими анъана, ҷашну маросим, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои амсоли инро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Пас аз суханронии меҳмонон намояндагони сохторҳои гуногуни ноҳия баромад намуда, фикру мулоҳиза, андеша ва таклифу пешниҳодҳои хешро иброз намуданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи марказии ноҳияи Нуробод китобҳои "Ваҳдат, Давлат, Президент" туҳфа карда шуд.
Манбаъ: Сомонаи Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон