20.10.2022 / ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир бо интихобкунандагон ва фаъолони ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор баргузор гардид.
Вохӯриро раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода ифтитоҳ намуда, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоирро ба ноҳия хайрамақдам гуфт.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшо Ғайрат бо садорон ва мудирони як қатор ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.
Ҳадаф аз ин вохӯрӣ истиқболи сазовор аз 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон буд.
Оид ба таърихи баргузории Иҷлосияи тақдирсоз роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Мавҷуд Сатторов бо маърӯза баромад намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Рашт №12 ба сухан баромада, аз дастовардҳои дар давоми 30- соли сипаришуда аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон баромад намуд.
Масъулини ташкилоту муассисаҳои ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор аз омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 ҳисобот доданд.
Ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ барои ду сол дар ҳар оила, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоир Зоир мутасаддиёнро вазифадор намуд.