Рабочий время: понедельник-суббота с 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Письмо: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
ИСПОЛНИТЕЛЬНАЯ ВЛАСТЬ
Таърихи ноҳия
Ноҳияи Нуробод соли 1936 бо номи Комсомолобод таъсис гардида, соли 1995 номи Дарбанд ва соли 2003 номи Нурободро гирифтааст, ки дар қисми шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир буда, қаламрави ноҳия аз марзи шаҳри Роғун то ноҳияи Рашт ба масофаи 92,7 км тӯл мекашад. Нуробод аз шимол ба ноҳияи Ваҳдат, аз ҷануб ба ноҳияи Тавилдара ва ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҳаммарз мебошад. Нуробод яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, масофаи он аз шаҳри Душанбе то маркази ноҳия 155 км-ро дар бар мегирад. Таърихро хотираи инсоният, ойинаи ҳаёт, пайвандгару васлкунандаи наслҳо мегӯянд. Воқеан ҳам, таърихсафҳаҳои талху ширин дошта, илми ибратомӯз аст. Чун таърихи халқамонро варақгардон менамоем, шоҳиди воқеаву ҳодисаҳову саргузаштҳои зиёд мегардем. Бо халқамон месӯзем ва месозем. Аз ойинаи таърих пайдост, ки Тоҷикистони ободу озоди соҳибистиқлоли мо осорхонаи бузургеро мемонад, ки ҳазорҳо шаҳрҳои як замон ободу зебо, бо ҳазорон қалъаву арку, кушку хонаҳову қасрҳои зебояш зери чанги ғубори таърих мондаанд. Дар ин ойинаи таърих мебинем, ки ҳар вақте аҷнабиёни хунхору қаттол шаҳрҳои ободу зебои моро забт мекардаанд, онҳоро харобу ба хок яксон намуда, барои чорвояшон алаф кишт мекардаанд, то ягон нишонае аз он шаҳрҳо боқӣ намонад. Шаҳрҳои мо аксар зери хоканд… Миллати тамаддунсозу тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём бо маданияту фарҳанги шаҳрсозиву шаҳрдориву шаҳрнишинӣ шуҳрати калон дорад. Шаҳрҳои бузурги тоҷикон Бухорову Самарқанд, Хатлону Суғд, Бохтару Марву Переспол ва ҳазорҳо шаҳри дигар намунаи беҳтарини санъату меъморӣ дар арсаи олам ҳисоб ёфта, диданиҳои зиёд дошта, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб менамуданд. Тоҷикон на танҳо дар тамаддуни шаҳрсозиву шаҳрдории олам, балки дар маданияту фарҳангӣ заминсозиву истифодаи босамари он, боғдориву кишварзӣ, ободгароӣ нақши созгор гузоштаанд. Дарбанди қадим низ аз зумраи он шаҳрҳои бонуфузу босто - нист, ки дар таърих ва тамаддуни миллатамон нақши барҷаста ва аҳамияти хоса дорад. Олимону муаррихон ва бостоншиносони қарнҳои гуногун доир ба Дарбанди қадим тадқиқоту омӯзишҳои ҷолибу арзишманд гузаронида, аз зери замини ин макони муқаддас бозёфтҳои нодир, осори санъату меъморӣ, маданияту ҳунармандӣ замонҳои гуногунро пайдо намуда, ба онҳо баҳои илмӣ додаанд. Дар наздикии шаҳри Дарбанд қалъаҳои Имлоқу Ҷумҳур ҳоло ҳам нишонаҳояшон мавҷуданд, ки исботи қадима будани шаҳри Дарбанд ва Нурободи ҳозира мебошад. Ин сарзамин бо номҳои фарзандони суханвару мутаффакирони ин қаламрав, ки дар асрҳои 17- 20 зистаанд, ҳазрати Султон Ҳусайн, домулло Ҳакимӣ Чавкар,домулло Худойдод, Хоҷа Шамсуддини Имомӣ, Эшони Шоҳӣ ва Шайх Абулҳайи Муҷихарфӣ ва сипаҳсолори машҳури халқи тоҷик Қаноатшоҳи Қаротегинӣ шуҳратёр мебошад. Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз, тавассути дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду барқарорсозии Дарбанди бостон низ аҳамияти хоса дода шуд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо шарофати ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи саросари кишвар шаҳри Дарбанд аз як мавзеъи харобазор ба яке аз шаҳрҳои замоанвӣ бо бинову ишоотҳои зебояш табдил ёфт. Аз соли 2009 инҷониб маркази маъмурии ноҳия ба ин шаҳри зебои Дарбанд кучонида шуд. Дарбанд ҷузъи муҳими таърихи кишварамон, буда, дар таърихи миллати тоҷик нақши барҷаста гузоштааст. Омӯзишу таҳқиқи шаҳри Дарбанд, ки диққату таваҷҷуҳи бештарро талаб менамояд. Нуробод мулки нурофар аст. Нуробод як гӯшаи ободу зебо, пурнакҳату ботароват, файзхезу файзрез ва файзбори Тоҷикистон аст. Табиати ин диёр дилфиребу нозанину афсункор аст. Ин мавзеъ боду ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш, обҳои софу зулол ва кӯҳҳои бародарвор паҳлуи ҳам истодаву сарбафалаккашида дошта, дар дили кӯҳҳои ин диёри биҳиштосо ҳазорҳо ганҷу асрор меафзуданд. Чашмаи «Воғланг» ин чашма дар тарафи офтобнишини деҳаи Сияҳгулаки ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ ҷойгир буда, яке аз чашмаҳои серобтарин ва мусаффо ба ҳисоб меравад. Чашмаи «Воғланд» дар мавзеи дилрабое ҷойгир аст, ки макони зиёратгоҳи аҳли тақво ва бинанда гардида, тамошои шинои моҳиён ва нӯшидани як каф оби хунуки он ба касс ҳаловат мебахшад. Аз қадимулайём то ба имрӯз чашмаи Воғланд ҷойи муқаддас ҳисобида шуда, зиёраткунандагони он бо талаби орзую амали нек вориди он мешаванд. Одамон бо нияти нек аз сарбанди ин чашма як каф об нӯшида, аз сурохии дарахти чормағзи дар наздикаш буда, бо нияти нек ба худ камее хок мегиранд ва ба гулмоҳиҳои даруни об нонреза партофта, аз Худои мутаол рӯзии нек металабанд. Дар қаламрави ноҳияи Нуробод мувофиқи нишондоди кумитаи ҳифзи табиат 1500 чашмаҳои зулолу шифобахши хурду калон мавҷуд ҳастанд, ки қисми аз инҳо чун чашмаи Воғланг машҳур буда, зиёратгоҳи мардуми ноҳия ва берун аз он гардидаанд. Аз қабили чашмаи Ҳазрати Султон дар деҳаи Яхч, чашмаи Кавгакон дар деҳаи Дегаӣ, чашмаи Юнур дар деҳаи Юнур. Сарзамини ноҳияи Нуробод дар арсаи таърих нобиғаҳои нодиреро баҳри пешбурди илму фарҳангу ахлоқи ҷомеа бавоя расонидааст, ки номашон вирди забони омма ва сабти таърих мебошанд. Абдулҳайи Муҷихарфӣ, Домулло Абдулҳакими Чавкар, Домулло Худойдод нигини донишмандони даврони зиндагии хеш буданд, ки аз худ асарҳои илмию фалсафию динӣ мерос гузоштаанд. Мутаасифона аз нобаробарии замона ва нооромиҳои солҳои 20-уми асри гузашта рисолаву асарҳои дигар донишмандони зодаи ин хоки муборак дастраси мо нестанд, вале оиди асарҳои онҳо дар забони зиндаи мардум қисми аз онҳо боқӣ мондаанд. Домулло Абдулҳаким бо лақаби Чавкар сари донишмандони шаҳри Бухоро буда, дар ҳама озмунҳои илмию динии он давр, аз тамоми кишварҳои динии ҳамонвақта ширкат мекарданд, дастболо мешуд. Ҳамин тавр Мавлоно Шоҳид, Эшони Шоҳӣ, Хоҷа Шамсуддин, Домулло Шариф, Хоҷа Ҳамзаи Валӣ, Хоҷа Муҳаммади Сабзпӯш, Хоҷаи Яхсуз, Хоҷа Саврӣ Хоҷа Рушноӣ, Эшони Қудбуддин, Хоҷа Бишол, Домулло Бобӣ, Домулло Дӯст, Эшони Ғиёс ва даҳҳо донишмандону аҳли илму фазл парвардаи ин хоки илмпарвару хирадофар аст, ки сарвари дигар донишмандони минтақаи кӯҳистонро бар душ доштанд, вале бо таасуф мегӯем, ки рисолаву асарҳои ин бузургон то ба имрӯз нарасидаанд. Аз қаламрави ноҳияи Нуробод ду руди бузург Сурхоб ва Хингоб ҷорианд, ки дар мавзеи Сарипули ноҳия якҷоя мешаванд ва рӯди пуртуғиёни Вахшро ташкил медиҳад. Инчунин дар ноҳия рӯдҳои начандон бузурги Муҷихарф, Ҳакимӣ, Луғуроб, Зуманак, Дегаӣ, дашти Гургон ва Роғун арзи ҳастӣ доранд. Ба ғайр аз рудҳои бузургу рудчаҳо дар ноҳия кулҳои таърихии Самсолиқ, Истон, Ҳазрати Шоҳ, Сари ҷар ва Ҷавчӣ ҷойгиранд, ки аз онҳо кули Ҷавчӣ, ки масоҳаташ даҳҳо га-ро ташкил медиҳад ва аз сатҳи баҳр дар масофаи 2700 метр ҷойгир мебошад. Ҳамаи кулҳои номбаршуда, обҳои ширини истеъмолӣ доранд ва аксари заминҳои хоҷагидорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Изатулло Ҳалимов, Хумдон аз оби ин кулҳо истифода мебаранд. Дар ноҳия захираҳои зеризаминии коркарднашуда аз қабили кони намаки деҳаи Роғун, кони санги мармари деҳаи Муҷихарф, конҳои ангишсанги деҳаҳои Чепак ва Яхч, кони оҳани деҳаи Шашволон, кони Сурби куҳи Манор мавҷуданд. Намаки кони деҳаи Роғуни ҷамоати Изатулло Ҳалимов дар саросари кишвар беҳтарин кон маҳсуб ёфта, аз намаки болаззати он аз замонҳои хело қадим то имрӯз мардумони Мастчоҳ, Ҷергатол, Рашт, Тоҷикобод, оби Гарм, Нуробод истифода мекарданд ва имрӯз низ қисми аз мардуми ин ноҳияҳо аз ин ганҷ истифода менамоянд. Аз сабаби болаззат будани намаки ин кон аҳолиҳои ноҳияи Нуробод бо асбобҳои махсус шаклҳои ҳархела сохта барои истеъмоли хӯрокҳои миллии қурутобу шакароб дар бозорҳои водии Рашт бурда мефурӯшанд. Ноҳияи Нуробод бе муҳобот махзану макони 500 намуди гиёҳҳои шифобахши кишвар аст. Гиёҳшиносону дорусозони ҳама манотиқи кишвар аз сипанд, чойкаҳак, кокутӣ, райҳон, пудинаи кӯҳӣ, пиёзи кӯҳӣ, пиёзи анзур, ҳолмун, шибит, шибитак, ҷамилак, субинак, гули арусак, ров, рошак, торон, чукрӣ, зардгулак, ҳазориспанд, чоқула, мехчагул, бӯйи модарон, гашнич, барги зуф, камол, яхчоир, раҳдавак, сӯзанкаҳ, марз, сапали шутур, ғармаш, шири харак, кабут гулак, капиркаҳак, сирпиёз, камч, сарпустун, малвеҷун, шулха, зира, сапалгул, тахач, талхак, себарга, модел, сиёҳалаф, самаруғ, хоч (чағора), кинг, муҷах, решаи тиллоӣ (золотой корень), пуш, круш, хори марғелон, махаласка (махалас), ангат, дулона, себи биҳӣ, яхманак, чормағз, туғ, олучаи кӯҳӣ, писта, санҷит, хуч, зелол, корт, маҳлав, чатқал( берёза), арча (ғурааш), гули арғувон(шулайш), зардолу, бодом, муруди хирсак (хирсакмурут), сагакангур, татум ва садҳою ҳазорон гулу гулбутта, гиёҳу дарахтон васеъ истифода мекунанд. Парандаву ҳайвонҳои нодир ба монанди: кабки ҳилол,уқоб, боша, бум, қароғ, зарғов, булбул, кафтар, зоғ, бабр, паланг, хирс, суғур, санҷоб, дала ва дигар навъҳои парандаву ҳайвонотро дар ин мавзеъ вохӯрда мумкин аст. Нуробод аз нигоҳи луғавӣ калимаи мураккаб буда, аз ду калимаи соддаву мустақилмаъно: “Нур” –рушноӣ, зиё, чароғ ва “Обод” –зебо, дилрабо, ороста, хушу хуррамӣ, боигарӣ иборат аст, ки ин номи зебо ба ин мавзеи дилрабо басо созгор афтодааст ва саргаҳи нури кишвар руди Вахш, ки дар он неругоҳи барқии обии Роғун сохта мешаваду тамоми кишварро нуристон мекунад, аз ин мавзеъ сарчашма гирифтааст. Ноҳия 7 ҷамоати деҳот, аз ҷумла деҳоти Ҳакимӣ, Муҷихарф, Комсомолобод, Сафедчашма, Изатулло Ҳалимов, Хумдон, ва шаҳраки Дарбанд тақсим мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки Нурободи имрӯза низ мисли дигар манотиқи кишварамон дорои таърихи кӯҳан буда, дар гузашта ба номи Дарбанд шӯҳрати калон доштааст. Маркази нави ноҳия- шаҳраки ободу замонавӣ номи Дарбандро дорад. Дар паҳлуи шаҳраки имрӯзаи Дарбанд қалъаи таърихии Дарбанд мавҷуд аст. Бори нахуст солҳои 70-уми асри гузашта ҳайати бостоншиносон бо сарварии олими маъруф Юсуфшоҳ Ёқубов барои омӯзиш ва ба- қайдгирии ёдгориҳои қадими ноҳияи Нурбод ба ин мавзеъ омада, қалъаи Дарбандро мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор дода буданд. Онҳо нақшаи топографии Дарбандро тартиб дода, ҳудуд ва ҳаҷми он, қалъа ва шаҳристони онро муайян карданд. Вале аз сабаби нокифоя будани маблағи ҷудошуда, татқиқоти пурраи ин ёдгории бузурги таърихӣ анҷом дода нашуд. Соли 1980 бостоншиноси маъруфи шуравӣ Юсуфшо Ёқубов дар наздикии деҳаи Дарбанд ҳафриёт гузаронида, бошишгоҳи қалъаи Имлок ва Ҷумҳур миқдори зиёди асбобу олоти сангӣ, хиштҳои пухта, лулаҳои обгузар ёфт намуданд. Ба ақидаи олимони соҳа он асбобу олотро беш аз 3000-ҳазор сол пеш одамони ибтидоӣ сохта истифода мебурдаанд. Ин далелу аснод низ худ гувоҳи онанд, ки ин минтақа дар гузаштаҳои хеле дур обод буда, дар он маданияту фарҳаг ва касбу кори гуногун рушд дошта, заминаҳои боэътимоди илмию таърихиро дорост. Оид ба қисматҳои асосии Қалъа – ҷои ҳокимнишин, шаҳристон ва работ маълумотҳои зиёд дар маъхазҳои гуногун ҷой доранд. Масоҳати умумии шаҳри Дарбанд беш аз 70 – гектарро дар бар мегирифтааст. Дарбанди бостон дар замони салтанати Ҳахоманишиҳо ба авҷи тарақиёти худ расидааст. Аксарияти бозёфтҳои ба дастомада ба он далолат мекунанд. Тадқиқотҳои баъди нишон дод, ки Қалъа аз хишти пухта сохта шуда, равоқи балхӣ дорад. Тавре, ки бостоншиноси маъруфи тоҷик устод Ю.Яъқубов қайд намудааст: «Возеҳ гардид, ки ин шаҳр (Дарбанд) дар асри 20 пеш аз милод ба вуҷуд омадааст. Шаҳри Дарбанд яке аз қадимтарин ва калонтарин шаҳрҳои Осиёи марказӣ буда, дар таърих ва тамаддуни миллати тоҷик нақши барҷаста гузоштааст… Дар Нуробод ёдгориҳои таърихӣ - бостонӣ хеле зиёданд, ки омӯзишу таҳқиқи онҳо таърихи халқамонро бо санаду далелҳои тозаву муҳим ғанӣ хоҳанд намуд. Яке аз ин ёдгориҳо мақбараи орифи маъруф, тавре дар боло дар борааш маълумоти мухтасар додем, Домулло Икром (солҳои 1831-1871милоди) мебошад. Ихлосмандон пайваста ба зиёрати ин ориф рафта, ғизои маънавӣ бардошта, бо санъати баланди гузаштагонамон шинос мешаванд. Тавре, зикр гардид, таърихи навини Нуробод аз соли 1936 ибтидо гирифта, он дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузорад. Соли аввали таъсисёбӣ, аҳолии ноҳия 13 ҳазор нафарро ташкил медод, ки дар 105 деҳа зиндагӣ доштанд. Аслан, деҳаҳои ноҳия солҳои сиюм дар таллу теппаҳо он ҷойҳое, ки барои кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва парвариши чорво мусоид, ҷойгир буданд. Мардум дар деҳаҳои хурд сукунат дошта, калонтаринаш деҳаи Яхч буд, ки то 42 хоҷагиро дар бар мегирифт. Тавре ҳуҷҷатҳои бойгонӣ далолат мекунанд, то таъсиси ноҳияи алоҳида ноҳияи Комсомолобод (Нуробод) аз солҳои 1962 то соли 1964, шомили ноҳияи Ғарм будааст. Пас аз соли 1965 аз нав боз чун ноҳияи алоҳида таъсис ёфтани ноҳия ба пешрафти босубот ва мустаҳакам намудани заминаҳои моддӣ ва иқтисодӣ дар ноҳия корҳои зиёде ба сомон расонида шуд. Сохтмони як қатор каналҳо аз қабили «50- солагии Тоҷикистон», ки аз дарёи Сурхоб дар масофаи 10 км об мегирад, ки боиси мавриди истифода қарор гирифтани садҳо гектар даштҳои бекорхобида гардид. Ҳамаи ин заминаи мусоид барои ривоҷу тараққии соҳаҳои чорводорию зироатчигӣ ва боғдорӣ дар ноҳия ба вуҷуд овард. Маҳз дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодум дар соҳаи кишоварзии ноҳия таҳаввулоти зиёде ба амал омад. Сохтмону мавриди истифода қарор гирифтани 20 ферма- комплексҳои чорводорӣ аз қабили, Алигалабон, Лайрон, Муҷихарф, Чанор, Душохазамин, Тегирмӣ, Пандовчӣ, Яхч, Истон дар ҳамин солҳо амалӣ гардид ва имкон пайдо шуд, ки дар ноҳия 10000 сар чорвои калон, аз ҷумла 5000 сар говҳои душоӣ парвариш ёбанд. Ана ҳамин меҳнатдӯстии заҳматкашони ноҳия буд, ки соли 1985 ноҳия чун ғолиби мусобиқаи умумиттифоқӣ бо Ифтихорномаи КМ КПСС, Совети Вазирони СССР, ВСПС КМ Комсомоли умумииттифоқ сарфароз гардонида шуд. Соҳаи картошкапарварӣ ҳам дар ноҳия ривоҷ ёфт. Сарвари бригадаи картошкапарварии совхози Ғарм ва Роғун ба ҳосилнокии ҳар гектарро ба 500 сентнерӣ расонида, дар миқёси собиқ СССР натиҷаи аз ҳама баландро ба даст овард Ҳамчунин, дар ин солҳо сохта ва ба истифода дода шудани ду корхонаи калони паррандапарварӣ боиси ба ноҳияи истеҳсолкунандаи гӯшту тухми парҳезӣ табдил ёфтани Нуробод дар миқёси Тоҷикистон шуд. Аз соли 1927-1930 дар ноҳияи Комсомолобод (Нуробод) дар деҳаҳои Оби Лурд, Самсолиқ, Лангар, Яхч, Сиёҳгулак,Тегирмӣ, Хумдон, Дегаӣ аввалин мактабҳо сохта ба истифода дода шудаанд То соли 1960 дар Нуробод 3 мактаби миёна ва дигар дар ҳама деҳаҳои хурду бузурги ноҳия мактабҳои 7-сола ва ибтидоӣ фаъолият доштанд Нахустин муаллимони таҳҷоӣ, чун; Азизов Саймуддин, Мирзоев Шариф, Давлатов Сиёмард, Абдусамад Ҳисориев, Ислом Яхшиев, Ҷонов Қувват, Муллочаев Анвар, Ширинов Сабур, Собиров Тоҳир, Муҳиддинов Миянсар, Холматов, Бафоев Тош, Сафаров Иброҳим, Сайфуллоев Ҷангӣ, Ғуфуров Ҳасан, Насибов Камол, Давидов Собит ва Исломов Саъдулло мебошанд. Яке аз аввалин муаллимони таҳҷоӣ Бафоев Тош мебошад ва хатмкардаи мактаби Дорулмуаллимини шаҳри Тошканд, мебошад, ки ҳанӯз соли 1930 барои ташкили аввалин мактабҳо бо ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шуда буд ва умри бобаракти хешро сарфи ҳамин пеша намуд. Барои пешрафти соҳаи маориф дар ноҳия он солҳо, бинобар набудани маблағ бисёр иншоотҳоро ба сифати мактаб истифода мебурданд. Оҳиста-оҳиста мактабҳои нав сохта мешуданд. Бахусус авалин сохтмони матабҳои ҳозиразамон баъди солҳои ҳафтодум дар ноҳия рост омад, ки зиёда аз 10 мактаби навро сохта дар ноҳия мавриди истифода қарор додааст. Аз солҳои ҳукумати шӯравӣ то ба имрӯз соҳаи маорифи ноҳияро Азизов Музаффар, Розиқов Акрам, Шарифов Сайдаҳмад, Ризоев Матул, Сулаймонов Одина, Сатторов Азиз, Ҳасанов Давлаталӣ, Қурбонов Раҷаб, Сафоев Мустафо, Сафиев Ширинҷон, Назаров Анвар, Саломов Подабон, Муллочаева Қурбонгул, Розиев Ғайбулло, Насриддинов Ҷумъа сарварии соҳаро ба душ доштанд. Соҳаи дигаре, ки муайянкунандаи пешравию дигаргуниҳои ноҳия маҳсуб мебошад соҳаи фарҳанг аст, ки дар солҳои шӯравӣ рушд намуда, дастовардҳои фаровон низ дорад. Нахустин муассисаҳои фарҳангии он давр чойхона-клубҳо буданд, ки баъдтар онҳоро бо номи «чойхонаҳо» мегуфтанд, ки баробари ҷойи истироҳату дамгирии мардум чун марказҳои саводомӯзию баланд бардоштани маърифати Дар рушду нумӯи фарҳанги ноҳия Розиқов Маҳмадназар, Назаров Муборак, Табаров Валӣ, Амирбек Анҷиров, Хоҷаев Қудрат, Муллочаева Қурбонгул, Сафоев Мустафо, Раҳматуллоев Давлатшо, Абдураҳмонов Давронбек, Нуриддинов Амриддин ва Назаров Зафар мебошанд. Ҳамчунин шахсиятҳои фарҳангӣ ба мисли Отаҷон Ваҳобов, Исмоилов Абдуқодир, Ҳусейн Саймуродов, Алиев Саид, Сафоева Хуснигул, Воҳобова Моҳпочо мебошанд, ки дар тую маъракаҳои мардум саҳми арзанда мегузоштанд. Соли 1979 дар ноҳия қасри бошукӯҳи фарҳанг бунёд гардид, ки барои фаъолияти босамари театри халқӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз баъди ба фаъолият оғоз намудани қасри нави фарҳанг барои ба саҳна гузоштани намоишномаҳои наву ҷолиб аз ҷониби кормандони театри халқии шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Китобхонаҳо ҳам дар пешрафти маънавиёту маърифати мардум нақши массир доранд. Миёнаи солҳои ҳаштодум дар ноҳия 30 китобхона фаъолият мекард,ки аксари кормандонаш маълумоти олию мухсуси соҳаи китобдорӣ доштанд. Аксари зиёди захираи китобхонаҳоро адабиёт ба забони русӣ ташкил медиҳад. Метавон инҷо номи китобдорони номдору собиқадор Назаров Абдурозиқ, Ҳиматов Қувват, Боронов Ҳодӣ, Раҳмонов Нуралӣ, Ваҳобова Моҳпочо ва даҳҳои дигарро ном бурд. Дар болобурди завқи эстетикии бачаҳо нақши мактаби мусиқии ноҳия, ки соли 1973 дар назди хонаи маданияти ноҳия ташкил шуда буд ва панҷ филиал дар маҳалҳо дошт, он солҳо хеле калон буд. Бачаҳо дар ин боргоҳи санъат нозукиҳои омӯзиши асбобҳои мусиқӣ чун: най,чанг, дутор, рубоб, фортепиано ва ғайраҳоро аз худ мекарданд. Аз соли 1977 то солҳои 1993-ум директори ин муассисаи фарҳангиро Боймаҳмадов Қурбоналӣ ӯҳда мекард. Шогирдони ин ҳунаристони мусиқӣ аз ҷумлаи беҳтаринҳоеанд, ки дар чандин озмунҳои ҳунарӣ миёни макатабҳои мусиқӣ соҳиби мақомҳои ифтихорӣ шудаанд ва аз ҳамин даргоҳ роҳ ба сӯи шӯҳрат дар олами санъат гардидаанд Осорхонаи таърихи кишваршиносии ноҳия ҳам дорои нигораву экспонатҳои зиёданд, ки бозгӯи таърихи беш аз ҳазорсолаи ноҳияро дар бар мегирад. Осорхона дар дохили қасри фарҳанги ноҳия ҷой гирифта буду ҳамагон аз тамошои он пурра истифода мекарданд. Як гӯшаи ин осорхонаро рӯзгори фарзандони банангу номи ноҳия пур мекунад, ки он дар тарбияи насли наврас роли калон мебозад. Соҳаи тандурустии ноҳия ҳамсоли таъсиси ноҳия мебошад. Соли 1936 аввалин чанд ҳуҷраҳои беморхонаи ноҳия сохта шуда буд, ки шумораи ками духтурон аз қабили Панфиёров, Маъруф Ятимов, Боқиев, Тошев Маснавӣ, Истамов Дилмурод, омада дар пешгирии бисёр касалиҳои сироятӣ саҳм мегирифтанд. Пешрафти босуботи соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Нуробод ба солҳои панҷоҳуми асри гузашта , ки ба солҳои барқароркунии солҳои баъдиҷангӣ рост меояд сахт алоқаманд мебошад. Бахусус, дар ин солҳо як зумра мутахассисони ботаҷриба аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод ҳам омаданд, ки бапешрафти соҳаи мазкур дар ноҳия мусоидат намуданд. Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар кадрҳои маҳаллӣ Эргашов Гулмирзо, Саймирзо Шомуртазоев, Маҳмадхоҷаев Атохуҷа, Носиров Сироҷиддин, Амонов Маҳмадюсуф, Киромуддин Хоҷаев, Раҳмонов Шӯҳрат, Дембегиев Фаридун, Арчабекова Гавҳар, Арчабекова Зарина, Шокирова Шаҳристон, Эргашов Зиёрат, Абдуллоев Қурбоналӣ Шафоатова Зарина, Ҷононва Тахмина, Ҷурабекова Мавҷигул Амонов Давлатёр, ҳамчун мутахассисони соҳаи тиб ба фаъолият шурӯъ карданд. Чун имрӯз ба даврони шӯравии таърихи ноҳияи Нуробод назар меандозем, бешубҳа номи роҳбари ноҳия дар солҳои баъди дубора ташкили ноҳия Ҷумаев Ғулом пеши назар меояд. Маҳз бо кушишу талошҳои ин марди фидоии меҳнат Нуробод рушду нумӯъ ёфт, пешрафт ва дастовардҳои намоён ноҳияро насиб гардид. Ҳамин аст, ки ҳамаи сокинони Нуробод ӯро ба некӣ ёд мекунанд. Роҳбарии ноҳияро фарзандони сазовору содиқи ватан Тошмуҳамедов П. Мирзоев Давлаталӣ, Давлатов Ҳиммат, Ҷумаев Ғулом, Говарков А.Л. Тағоев саймурод, Табаров Валӣ, Зуҳуров Ш, Мубораков Ғаюр, Ҳалимов , Зиёратшо Саъдулло, Сиёмардзода Сайдамир ба уҳда доштанд, ки ҳар кадомашон низ дар пешрафту шукуфоии ноҳия саҳми сазовор доранд. Мардуми Нуробод низ бо як дилгармӣ ва умеду боварии зиёд ба ояндаи нек бо саъйи дучанд тамоми қувва ва нерӯи худро баҳри ободии диёру ватан равона карданд. Баробари дигар минтақаҳои кишвар ба тавассути ғамхориҳо ва дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъйу талош ва меҳнати бунёдкоронаи аҳли заҳмат ноҳияи Нуробод ҳам рушду инкишоф ёфта, боз ҳам ободу зебо гардид. Бояд зикр намуд, ки дар ин давра Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1995, 2000, 2006, 2009, 2013, 2016, 2019 ба ноҳия сафари корӣ доштанд, бо зисту зиндагии сокинони ноҳия аз наздик шинос шуданд, бо оммаи васеи меҳнаткашон суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом доданд, ки ин ҳама ба пешравии кор дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мусоидат намуд. Аз соли 2009 маркази маъмурии ноҳияи Нуробод ба шаҳраки зебову дилорои Дарбанд кучонида шуд, ки дар маросими кушодашавии ин шаҳраки зебо Ҷаноби Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сокинони ноҳия бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, паи ободии ватан камари ҳиммат баста, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштанд. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мушкилиҳои ҷойдоштаро оҳиста – оҳиста паси сар намуда, рӯ ба тараққӣ доранд. Агар натиҷаҳои имрӯз ба даст омадаро дар муқоиса ба 10-15 соли пеш таҳлил намоем, мебинем, ки ба тавассути меҳнати аҳлона ва софдилонаи сокинони ноҳия сатҳи зиндагии мардум ба тадриҷ боло рафтааст. Соҳаи кишоварзӣ, ки қисми асосии истеҳсолоти ноҳияро ташкил мекунад, аз нав рӯ ба пешравӣ ниҳод. Соли 2004 таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ноҳия оғоз ёфт. Агар солҳои шӯравӣ ва баъди он дар ноҳия ҳамагӣ 6 хоҷагӣ фаъолият мекарду дар онҳо шумораи ками аҳолӣ ба кор ҷалб буданд, имрӯз дар ноҳия 936 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла: 28 хоҷагиҳои саҳомӣ, 887 хоҷагиҳои оилавӣ ва инфиродӣ, 30 хоҷагиҳои ёрирасон фаъолият менамояд, ки 197-тои он хоҷагиҳои навтаъсис ба ҳисоб мераванд, ки 2500-3000 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб карда мешаванд. Дар ноҳия соҳаи сохтмону меъморӣ низ дар ҳолати рушд қарор дорад. Беш аз 20 иншоот, ки бахшида ба таҷлили 20- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба қайд гирифта шуда буданд, ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Сохтмони 8 адад хонаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия, пурра ба анҷом расонида шуда, пешкаши эҳтиёҷмандон гашт. Сохтмони бинои ширкати суғурта дар шаҳраки Дарбанд, сохтмони қисми сеюми мактаби №14 барои 1176 хонанда,сохтмони мактаби замонави барои 330 хонанда дар маҳаллаи Шаҳрисабз, Сохтмони варзишгоҳ барои 5000 ҷойи нишаст,сохтмони мактаби замонави барои 240 талаба дар деҳаи Кабутиёни деҳоти Сафедчашма, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи Шаҳрисабз барои сокинони минтақаи зериобмонии НБО- Роғун, сохтмони бозор дар шаҳраки Дарбанд, сохтмони мактаби ибтидоӣ дар деҳоти Ҳакимӣ, сохтмони ду мактаб дар ҷамоати деҳоти Муҷихарф ва асфалтпуш намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳраки Дарбанд ба иҷро расонида шуданд Имрӯз дар ноҳия 85 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, маркази корҳои тарбиявию беруназмактабӣ 1578 нафар хонандагонро ба оғӯш гирифтаанд. Ба таълиму тарбияи насли наврас 765 нафар омӯзгорон машғул мебошанд. То имрӯз дар мактабҳои ноҳия 367 компютер, 69 принтер, 36 дастгоҳи барқдеҳ (генератор) мавриди истифодаи хонандагон қарор доранд, ки беш аз си фоизи онҳо тӯҳфаҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти чумҳури ба хонандагони Файзобод аст.. Танҳо дар ҳафт соли охир, дар ҳудуди ноҳия беш аз 9 мактаби наву замонавӣ дар шаҳраки Дарбанд, деҳаҳои Туғчӣ,Оби Лурд, Кабутиён, Истон, Шаҳтут, Сияҳгулак, Таги Камар, Деҳи Баланд ба нақша гирифта шуда буд, сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони мактабҳои нав дар деҳаҳои Яхч, Сабзиқадам ва Зорон идома меёбанд. Мактабҳои наву замонави дорои тамоми таҷҳизоти навин дар шаҳраки Дарбанд ва деҳаи Туғчӣ барои 330 ҷои нишаст бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Мактаби варзиши кӯдакону наврасони ноҳияи Нуробод аз соли 1973 дар ноҳияи Нуробод фаъолият дорад, дар тарбияи варзишгарони ҷавон, рушди варзиш ва оммавӣ намудани он саҳми калон дорад. Садҳо ҷавононро тарбия намудааст, ки шарафи варзиши Ҷумҳуриро боло бардоштаанд. Аввалин директорон: Умронов Сироҷ, Мирзоев Раҳмон, Аминов Сотир, Ғоибов Абдурасул, Эмоми Пулод, Раҳмонов Сайраҳмон ва Исломов Назархуҷа. Дар мактаби варзишӣ солҳои побарҷо будани шӯравӣ маҳфилҳои шоҳмот, тенниси рӯи мизӣ, футбол, волейбол, гуштини миллӣ, дюздо, гуштини тарзи озод, варзиши сабук амал мекарданд, ки дар онҳо 400 нафар хонандагон машқу тамрин мекарданд. Устоди варзиши дараҷаи ҷумҳуриявӣ Ғиёсов Сайраҳмон, Мирзоев Раҳмон, Аминов Сотир, Раҳмонов Сайраҳмон, Ғиёсов Зубайдулло ва даҳои дигар дастпарварони ҳамин мактабанд. Ҳоло дар мактаб аз рӯи 6 намуд (шоҳмот, футбол, гуштини тарзи дюздо, Самбо, волейбол) маҳфилҳо амал доранд, ки дар онҳо 580 нафар шогирдон аз 13 нафар устодони варзида таълим мегиранд. Устодони мактаби варзишӣ Ғиёсов Сайраҳмон аз рӯи намуди гуштини миллӣ устоди варзиши собиқ иттиҳоди Шӯравӣ, Ғайратов Нусрат - устоди варзидаи дараҷаи байналмиллалӣ дар риштаи муҳорибаи якҳарбагӣ, ба шогирдон нозукиҳои касби худро меомӯзонанд. Шогирди ин мактаб Ғайратов Нусрат ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон аз намуди муҳорибаи якҳарбагӣ ноил шудааст. Дар ду соли охир беш аз 18 медал ва ифтихорнома ба даст оварданд. Дар маркази ноҳия толори варзишӣ дорои ҳамаи имкониятҳо мавҷуд аст. Ҷавонону наврасон дар вақтҳои барояшон мувофиқ машқу тармим мегузаронанд.
Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод