Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Рабочий время: понедельник-суббота с 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Письмо: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
ИСПОЛНИТЕЛЬНАЯ ВЛАСТЬ

Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду кишвар бо номи “Дӯстии ҷовидон” дар Кохи Борбад 18.04.2024 20:30, шаҳри Душанбе



       18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи "Дӯстии ҷовидон" баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иштирок намуданд. Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ - толори Кохи Борбад бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони ба ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои тозаи идона дошт. Баргузории барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи "Дӯстии ҷовидон" намунаи олии ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад. Консерти ҷаззоби "Дӯстии ҷовидон" бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод