Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

25.04.2024 / Вохӯрии гурӯҳи корӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ"



       Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвит бахшидани корҳои таблиғотӣ ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва тибқи нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №56- и деҳаи Айнӣ Ҷамоати деҳоти Меҳробод миёни ҷавонони 14-16 сола омӯзгорон ва волидайни онҳо вохӯрии судманд доир гардид. Бояд тазаккур дод, ки зимни баргузории мулоқот мудири шуъбаи маориф Мирзоев Наҷбиддин, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод Эшонҷон Саидов, нозири минтақавӣ аз ШМД Меҳробод ШВКД дар ноҳияи Нуробод Маҳмудов Ҷонибег, менеҷери кумаки аввалияи тиббии санитарӣ Лолаев Абдулло ва мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила Шарифова Зуҳро иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар мулоқоти мазкур, ҳамзамон, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгири ҷинояткори миёни наврасону ҷавонон, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, роҳои пешгирии бемориҳои сирояти, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз нуқтаи назар карданд. Дар идомаи суҳбат оид ба нуқтаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли 2024 доир гардида буд, дар самтҳои мухталиф ба ҳозирин шарҳ дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин вохӯриҳо миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонон ва аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод