Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

02.04.2024 / ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!



       Ба муносибати гусел намудани ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии ноҳияи Нуробод чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар гусели даъватшавандагони ихтиёрӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшавандагон иштирок доштанд. Раиси ноҳияи Нуробод Додарҷон Ҷобирзода даъватшавандагонро ба муносибати ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик намуда, зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои насли ҷавон муҳимтарин ва муқаддастарин мактаби обутоби ҳаёт ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, дар ҳифзи марзу буми кишвар бо қаноатмандӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ камари ҳиммат мебанданд. – Имрӯз Шумо ба мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар мешавед, ки барои ҳар як ҷавонмард хизмат ба Ватан ифтихор ва шарафи бузург ба ҳисоб меравад. Мо эътимоди комил дорем, ки ҳар яки Шумо бо сари баланд ва ҷавонмардона қарзи шаҳрвандиро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоред, – илова намуд раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода. Дар идома волидайни даватшавандагон ба сухан баромада иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан, аслан хизмат намудан ба падару модар ва бародарону хоҳарон аст. Даъватшавандагон низ зимни суханронӣ ба волидайн ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандиро адо намуда, баъди хизмати ҳарбӣ дар хоҷагии халқ баҳри шукуфоии Ватани азиз меҳнати софдилонаро идома хоҳанд дод. Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии ноҳия омада буданд, онҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фарогирифта шуданд. Маврид ба таъкид аст, ки дар ноҳия ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон хоса насли ояндасози мамлакат чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешавад. Дар ҷамъбаст барои болидаруҳӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳоди иштирокдорон гардид. Барои даъватшавандагон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дастурхони идона ороста шуда, баъдан ҷавонон бо дуои хайри волидон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод