Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

20.09.2023 / НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ НУРОБОД ДАР БОҒИ КУРУШИ КАБИР



       Ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири пойтахт, намоиш-фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, хўрокҳои миллии сокинони ноҳияи Нуробод баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Нуробод иштирок намуда, бо маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон шинос шуданд. Тамоми маҳсулоти кишоварзии ба намоиш –фурӯш гузошта шуда, сифати баланд дошта, бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод