Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

26.02.2023 / КӮМАК БА ЯТИМОН- ПАЙГИРӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ



       Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақонаи иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа солҳои охир миёни вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Имрӯз аз ҷониби сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод полковники милитсия Саидзода Комилҷон Сафар бо таълигирандагони мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Нуробод мулоқот анҷом дода, як миқдор маводи гуногуни ғизоӣ кумак намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар заминаи ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини вазорату идораҳо ва муассисаву ташкилотҳо дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҳолу аҳволи ятимону бепарасторон бохабар гардида, ба онҳо туҳфаҳои пулию молӣ ва кӯмакҳои яквақтаина расонида мешаванд. Сардори ШВКД дар Нуробод полковники милитсия Саидзода Комилҷон Сафар зимни мулоқот бо таълимгирандагони муассисаи мазкур иброз намуданд, ки Шумо зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред ва пайваста аз ҷониби Роҳбари олии кишвар ҷиҳати амалигардонии орзуҳои неки шумо тадбирҳо ва роҳу усулҳои нави пеша карда мешавад. Шумо бояд донишҳои замонавиро аз худ намуда, мутахассиси баландихтисос гардида, ба Ватан – Модар чун ворисони арзанадаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона хизмат намоед.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод