МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

  • Posted on:  Якшанбе , 18 Феврали 2018 12:20
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

I. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия: 1. Сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 733,20 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 696,80 сомонӣ.

3. Мутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 572 сомонӣ.

II. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

1. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,80 сомонӣ.

2. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Муҷихарф - 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,40 сомонӣ

3. Мутахассиси (нозири андоз) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 520 сомонӣ.

4. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,80 сомонӣ.

5. Сармутахассиси (оид ба корҳои дин) Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,80 сомонӣ.

6. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,40 сомонӣ. 7. Мутахассиси пешбари (кор бо хоҷагиҳо) Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,40 сомонӣ.

8. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Хумдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,80 сомонӣ.

9. Сармутахассиси (оид ба корҳои дин) Ҷамоати деҳоти Хумдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,80 сомонӣ.

10. Мутахассиси (нозири андоз) Ҷамоати деҳоти Хумдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 520 сомонӣ.

11. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати шаҳраки Дарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,80 сомонӣ.

12. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Сафедчашма - 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,40 сомонӣ.

13. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Сафедчашма - 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,40 сомонӣ.

14. Сармутахассиси (оид ба корҳои дин) Ҷамоати деҳоти Комсомолобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 774,80 сомонӣ.

15. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Комсомолобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,40 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №38;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- маълумотнома (справка- объективка).

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ

мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо Ноҳияи Нуробод, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, телефонҳо 8(3133) 30- 0- 30, 30- 0- 39, 918 96 55 25 Сироҷов М.), 93 515 30 08, 904 09 46 41 (Назаров И.)

Қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз санаи нашри эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

 

Хондан 2625 times Тағйироти охирон: Ҷумъа, 02 Марти 2018 10:26

Шарикон