МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

  • Posted on:  Сешанбе, 12 Феврали 2019 08:56
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

I. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

1. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой,маоши мансабӣ 1258, 20 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ.

3. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ.

4. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ.

5. Мутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 600 сомонӣ.

6. Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия - 1ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ.

II. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

1. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

2. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Муҷихарф - 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ

3. Мутахассиси (нозири андоз) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 600 сомонӣ.

4. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

5. Мутахассиси пешбари (робита ба ҷомеа) Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ

6. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Хумдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ

7. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Хумдон - 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ

8. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати шаҳраки Дарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

9. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана, ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сафедчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

10. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Сафедчашма- 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.

11. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Комсомолобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

12. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Комсомолобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.

13. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ҳалимов – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №38;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- маълумотнома (справка- объективка).

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донандаи хуби забони давлатӣ, як забони хориҷӣ ва бо таври аъло кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати

давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Ноҳияи Нуробод, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, телефонҳо 8(3133) 30- 0- 30, 30- 0- 39, 918- 97 -50 -99 Исломов И.), 935- 15- 30- 08, (Назаров И.)

Қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз санаи нашри эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

Хондан 1934 times Тағйироти охирон: Сешанбе, 12 Феврали 2019 15:38

Шарикон