МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

  • Posted on:  Якшанбе , 11 Ноябри 2018 13:03
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

I. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

1. Сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 846 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

3. Сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 846 сомонӣ.

4. Сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 846 сомонӣ.

5. Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 сомонӣ.

6. Мутахассиси пешбари бахши рушди иқтисод ва савдои ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804, сомонӣ.

7. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ.

II. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

1. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 846 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари (робита бо ҷомеа) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,40 сомонӣ.

3. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Муҷихарф - 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.

4. Мутахассиси (нозири андоз) Ҷамоати деҳоти Муҷихарф – 1 ҷой, маоши мансабӣ 600 сомонӣ.

5. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

6. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

7. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.

8. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати деҳоти Хумдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

9. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Хумдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.

10. Сармутахассиси (муҳандис-заминсоз) Ҷамоати шаҳраки Дарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

11. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати шаҳраки Дарбанд - 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.

12. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сафедчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

13. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Сафедчашма - 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,40 сомонӣ.

14. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Комсомолобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 732 сомонӣ.

15. Мутахассиси пешбари (кор бо хоҷагиҳо) Ҷамоати деҳоти Комсомолобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 634,40 сомонӣ.

16. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти ба номи И. Ҳалимов – 1 ҷой, маоши мансабӣ 894 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи диплом;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №38;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Нуробод, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, телефонҳо 8(3133) 30-0-30, 30-0-39, 918 96 55 25 (Сироҷов М.), 93 515 30 08, 904 09 46 41 (Назаров И.)

Қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз санаи нашри эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.

Хондан 5494 times Тағйироти охирон: Душанбе, 12 Ноябри 2018 13:19

Шарикон