МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Тамос бо мо: (+992) 8 3133 3 0102
(+992) 8 3133 3 0039

Почтаи электронӣ: info@nurobod.tj

Log in

Логини худро ба аккаунт дохил кунед

Насаб
Рамзи махфӣ *
Маро дар ёд дор

Омодагиҳо ба интихобот Featured

  • Posted on:  Панҷшанбе, 13 Феврали 2020 17:07
  • K2_WRITTEN_BY_MALE 

Имрӯзҳо дар ҳамаи 39 ҳавза ва 52 участкаи интихоботии ҳудуди ноҳия омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома дорад.

Ҳамаи ҳавзаҳо ва участкаи интихоботии ноҳия бо маводҳои интихоботӣ, аз қабили шиору овезаҳо, рӯзномаҳо, ки дар онҳо рӯйхати аъзоёни комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ нашр шудаанд, рӯйхати умумии овоздиҳандагон, рӯйхати нафароне, ки бори аввал дар интихобот овоз медиҳанд, навиштаҷот оиди тартиби баргузории интихобот, ҳуҷраҳои корӣ бо доштани шароити муайяни корӣ ва навбатдорӣ таъмин буда, аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ, ки аз 9 нафар мебошанд, дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия назорат карда мешаванд, -гуфт зимни суҳбат бо мо раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Маҳмадризо Пудинаев.

Вохӯрии номзадҳои ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тибқи нишондод дар байни интихобкунандагон идома дорад.

Аз номзадҳои арзандаи халқ, ки рӯзи 1 марти соли равон дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси маҳалли вакилони халқ вакил интихоб мегарданд, таҳияву қабули қарорҳо ба манфиати мардум, сахт вобастагӣ дорад.

                                                             

                                                                                                                                               Дафтари матбуотии дастгоҳи раиси ноҳия

Хондан 320 times Тағйироти охирон: Ҷумъа, 14 Феврали 2020 18:20

Шарикон