Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия машварат бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия оиди ба вазъи ногувори ҷаҳон, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти, террористиву экстремистӣ ҷилавгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳкими сулҳу субот баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Ҳ. Дӯстзода атрофи вазъи имрӯзаи глобалӣ баромад намуда, аз аҳли ҷамоатчигии ноҳия даъват ба амал овард, ки атрофи масоили доғи рӯз зиракии сиёсиро аз даст надода, дар тарбияи ҷавонон ба пешгирии ҳодисаҳои ғайричашмдошт бетараф набошанд.
Сипас прокурори ноҳия Б. Сафарзода оиди масъалаи терроризм ва экстромизм ва хатарҳои он бо таҳлили ҳамаҷониба баромад намуд.
Сардори ШВКД дар ноҳия полковники милитсия М. Фидозода оиди пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ баромад намуд.
Аз чониби иштирокдорон раиси собиқадорони ҷангу меҳнат М. Собиров, намояндаи занон С. Ҳакимова ҷавонон Э. Эшонов ва сархатиби ноҳия И. Абдулҳаев ба ҷонибдори аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осоишу оромӣ ва мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва рафторҳои ҷиҳати амалҳои террористиву экстремистӣ дошта, ба сухан баромаданд.